Навгонӣ
17 Октябр 2017
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот иштироки сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро аз самтҳои судовари ҳамкорӣ маънидод карданд.Мақолаҳои боқимонда...
- Мулоқот бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансури
- Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Малики
- Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт
- Иштирок дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон