Навгонӣ

«Гулбаҳор» Ҷоми баскетболро гирифт

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади тарғибу ташвиқи намуди варзиши баскетбол байни омма, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, муайян ва интихоби дастаи варзишгарони беҳтарин аз санаҳои 10 то 17 октябри соли 2017 дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни маҳаллаҳо бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста иштирок намуда ва дар натиҷа ҷои якум насиби дастаи «Гулбаҳор», ҷои дуюм дастаи «Чорчароғ» ва ҷои сеюм  дастаи «Истаравшан» гардиданд.

Дастовардҳо афзун, вале самаранокиву фаъолнокии бештар мебоядСубҳи имрӯз дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2017 бо иштироки роҳбарони сохторҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сарварони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки “Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, корхонаҳои саноатии шаҳр, мутобиқ ба шароити нави иқтисодии бозорӣ ва пайдошавии рақобати озод дар бозорҳо, дар ҷанбаҳои мухталиф фаъолият бурдаанд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳои калону миёнаи саноатӣ ба 155 адад расид.

Диққат: озмун барои журналистон!Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориши телевизионӣ ва ролики иҷтимоӣ дар самти зӯроварӣ ва ё хушунат эълон медорад.
Дар озмун тамоми рӯзноманигорон новобаста аз шакли моликият ва ҷойи кор иштирок карда метавонанд. Факту рақами мавод ҳатман воқеъӣ ва рӯзмарра бошад. Маводи озмун бояд то 1 декабри соли 2017 нашр ва нусхаи он ба комиссияи озмун пешниҳод карда шавад. Озмун аз рӯйи ҳар се номиннатсия, яъне беҳтарин мақола, гузориш ва ролики тарғиботӣ натиҷагирӣ карда мешавад.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,
Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.
Мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад.
Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем.

Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам

Бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд байни хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам” эълон менамояд. Озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуда, ғолибон бо пешниҳоди директори муассиса ба даври дуюм-озмуни шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
Тавре, ки дастандаркорони озмун иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани озмун дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод, ғанӣ гардонидани сатҳи маърифатнокӣ ва забондонии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва зеҳнии ҷавонон ва таҳким бахшидани тарбияи ватандӯстию ахлоқии ҷавонон буда он бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» сурат мегирад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...