01 Ноябр 2017
Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбати самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25-соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон дар моҳи июни соли равон ба даст омада, заминаи мусоид ва имконияти фарохеро барои рушуду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатии манфиатбор фароҳам меоварад.
Дар ҳамин робита изҳори умедворӣ карда шуд, ки сафари Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумониии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.