Навгонӣ

Ғолибияти мактаби варзишии №1 дар Чемпионати ХуҷандБо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар толори «Қасри варзиш» ба Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ до бахшида  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 «Соли ҷавонон» ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.
Раиси шаҳр зимни баромади худ қайд кард, ки «Боиси сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, самтҳои гуногуни варзиш махсусан дар Соли ҷавонон басо равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Тарғибу ташвиқи мақсадноки варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба сатҳи даркорӣ ва муҳим расонида шуда, сокинони гуногунсинни шаҳри Хуҷанд бо он шуғли бештар ёфта, тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд.

Ҳамоиши ҷавонони фаъоли шаҳри ХуҷандДар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, ғолибони олимпиадаҳо ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Дар мулоқот масъулин доир ба аҳамияти таърихии 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон», барномаҳои махсуси давлатӣ барои ҷавонон  ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд.

Аксияи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллатБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар майдони Регистон ва бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳр аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент, 25 - солагии Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли 2017-Соли ҷавонон ташкил ва гузаронида шуд.
Боиси зикр аст, ки дар рафти аксияи мазкур 1000 дона маводҳои тарғиботӣ, 250 дона нишони сарисинагӣ ва 500 дона тақвим бо акси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсим ва аз нақшу мақом ва хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди давлатдории миллии тоҷикон маълумот дода шуд.

Ҷилои нави шаҳри ХуҷандБо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташаббусҳои созандаи сокинони шаҳр тайи як моҳ аст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пешоруйи ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷумла 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби шаҳрвандон корҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр силсилакорҳо анҷом ёфта истодааст. Таровати дигар пайдо намудани хиёбони Исмоили Сомонӣ бо овезаҳои тарғиби худшиносӣ ва обод гардидани шоҳроҳи Истиқлол бо чароғпояҳои муосиру мумфаршкунии роҳҳо исботи гуфтаҳои болоист.
Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани ҷашнҳои дар пешистода дар самти тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ, чароғонкунӣ, мумфаршкунӣ ва таъмири биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон”Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин бо ин роҳ мусоидат кардан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...