Навгонӣ

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария самимона табрику таҳният гӯям.

(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Маҳфили нуру зиёи Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Дар толори театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ шаби эҷодӣ ва маҳфили шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Камоли Хуҷандӣ Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодиашон баргузор гардид.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нишастро оғоз намуда, зикр дошт, ки сиёсати фарҳангиву фардоофаринии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси равнақи ҳамаҷонибаи адабиёт, таъсиси мактабу доираҳои адабӣ ва тамоми имкониятҳои муносибро барои аҳли адаб бунёд ниҳодааст. Шоири халқии Тоҷикистон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ вориси арзандаи устодони бузурги адабиёт маҳсуб меёбанд.

Ба боварии мардум сазовор бошемБа муносибати 23 солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ширкати собиқадорон ва фаъолони ҳизб  дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар баромадаш аз ҷумла зикр дошт, ки  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон замоне арзи вуҷуд карда буд, ки дар кишварамон нобасомониҳо идома дошту мардум аз ҳизбсозию ҳизббозӣ дилозурда шуда буданд. Зеро баъди ба даст овардани истиқлолияти кишвар як гурӯҳ аз мансабхоҳони миллаткуш мехостанд давлатамонро зери даст гирифта, онро чун як бозичаи саридастӣ идора кунанд. Ана дар ҳамин авзо ҳизби мо чун раҳнамо вориди сиёсат шуда, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ мавқеи устувори сиёсиро дар ҷодаи ҳимояи манфиатҳои халқ ба даст гирифт.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки 40 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи вилоятӣДар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагони синфҳои 5-8 аз рӯи фанҳои дақиқ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт. Дар ин олимпиада 40 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда истодаанд.
Чорабинии тантанавиро, ки ба ин муносибат доир гардид, роҳбари Маркази дарёфт ва рушди боистеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ифтитоҳ бахшида, аз қоидаҳои гузаронидани олимпиада ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки олимпиада ду рӯз идома ёфта, беҳтаринҳо муайян мегарданд. Даври вилоятии олимпиада барои синфҳои 9, 10, 11 дар моҳи январ доир мегардад.

Ниҳолшинонӣ дар Мактаби Президентии шаҳри ХуҷандБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва муассисаву ташкилотҳо хонандагону омӯзгорони мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд.
Толибилмону устодони муассисаи таълимии мазкур зиёда аз 40 адад дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида, барои ҳусни дигар зам намудан ба мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Интизор меравад, ки шинонидани чунин навъи ниҳолҳо дар моҳи феврали соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...