Навгонӣ

Давоми рӯзҳои охир аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштани Саидиброҳими Назар дар сархати сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, ҳар тоифа онро аз зовияи хеш бозгӯйӣ намуда истодаанд.

“Хуҷанд” -Чемпиони Тоҷикистон!Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии финали Ҷоми Тоҷикистон байни бошгоҳҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор шуд. Бозӣ байни тимҳо хеле ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дар дақиқаи 41-уми дидор сарвони тими “Хуҷанд” Манучеҳр Ахмедов бо як усули зебо ҳисобро боз намуд. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 56-уми дидор Ҳикматулло Расулов шумораи голҳои дастаашро дучанд намуд. Футболбозони дастаи “Истиқлол” ҳарчанд кӯшишу талош намуданд, ки дарвозаи меҳмононро рахна кунанд, аммо ҳамааш бе фоида буд, чун ки хати дифоъи меҳмонон хеле қавӣ буд. Бо ҳамин бозӣ байни тимҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки “Хуҷанд” маротибаи чаҳорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан даста дар солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008 ба гирифтани ин ҷоиза даст ёфта буд.

Аз хушунат даст кашемДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчӯбаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мулоқоти фаъолзанон, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» бо мудирони шуъба ва воҳидҳои сохтории МИҲД-и шаҳр сурат гирифт.
Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҳадафи мулоқотро дар самти баланд бардоштани маърифати мардон нисбат ба занон, пешгирии хушунати хоноводагӣ, ташаккул додани муносибати эҳтиромона дар ҷамъият ва мушарраф гардидан ба баробарии гендерӣ, решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ ва қолабҳои шахшудаи мардум ва ғайраҳо унвон намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки зимни баррасии масъалаҳои мазкур фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Ифтитоҳи толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки сафири Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Тоҷикистон Аббасалӣ Гасанов ва муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода маросими ифтитоҳи толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода зимни ифтитоҳи толори фурӯши мебел гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амалан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки дар айни замон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона мегардад.

altНимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши экспонатҳои таърихии онро тамошо карда, дар интиҳои боздид дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чи бештари Ҷумҳурии Белорус ва саодатмандии мардуми ин кишвар соядаст гузоштанд.

Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...