Навгонӣ

altИмрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кудакистони рақами 68 - ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави кӯдакистон 2 ошёна буда, аз маҷмуъи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 утоқи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст.

Фармоишгари асосии сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, арзиши умумии иншоот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Саимо" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Кадучӣ" анҷом додаанд.

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар ин намоишгоҳи бузурги саноатӣ намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ асосан молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмасӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.

Қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд фазои идона доштанд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Соли нави мелодӣ аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  як қатор қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди шаҳр аёдат карда шуданд.
Дар қисми низомии 3501 РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ин мақсад ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Носирхон Акмолов, сардори раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд назди аскарону афсарони қисми низомӣ баромад намуда, аз хизматҳои онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдоварӣ карда, онро намунаи барҷастаи мактаби мардонӣ ба насли ҷавон унвон намуд. Номбурда ҳамзамон  табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳайати қисми низомӣ расонд.

Раиси шаҳр рӯзноманигорони ғолиб  ва зиёда аз 100 нафар бонувонро қадршиносӣ намуд

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аъзои фаъоли Шӯрои занони маҳаллаҳо, Шӯрои бибиотунҳо, хатмкардагони курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”, духтарони фаъол ва ғолибони озмуни рӯзноманигорон таҳти унвони «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат», ки беш аз 100 нафар буданд ба ҳузур пазируфт ва натиҷаи заҳмати онҳоро дар соли 2017 мавриди арҷгузорӣ қарор дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки “Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидояти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зан-Модар дар кишвари соҳибистиқлоли мо мавқеи баландро соҳиб аст. Фаъолияти густурдаи занон дар корҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят сол аз сол ба мушоҳида мерасад.

Маъруф Муҳаммадзода варзишгарони беҳтарини шаҳрро қадршиносӣ намуд

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади қадршиносии ҳайати дастаи футболбозони мактаби варзишии №1 ва варзишгарони беҳтарини соли 2017 эшонро дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки «Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гардида, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки як қатор варзишгарони бонангу номуси шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф ширкат варзида, муаррифгар ва парчамбардори давлати тоҷикон гардиданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...