Навгонӣ

alt

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳое, ки барои соли 2017 муайян гаштанд, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли таърихии 2017 ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017–Соли ҷавонон, “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ”, ташкил ва гузаронидани “120 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд” дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ то имрӯз як қатор чораҳо амалӣ гардиданд.

Тӯҳфаҳои солинавии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба тарбиягирандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳри ХуҷандСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард. Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода нахуст аз намоиши дастранҷи тарбиятгирандагони мактаб-интернат ошноӣ пайдо намуданд. Раиси вилоят ба маҳсули ҳунари тарбиятгирандагони хона-интернат мароқ зоҳир намуда, дастур дод, ки бо мақсади ҳавасманднамоии хонандагон барои ба бозори фурӯш баровардани маҳсули эҷоди эшон  мусоидат карда шавад.
Сипас дар толори калони хона-интернат Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  тарбиятгирандагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон хониши аълою интизоми намунавӣ орзумандӣ кард.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ХуҷандСубҳи имруз Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшид ва ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Ба баррасии иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуд:
-дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2017;
-дар бораи тасдиқи ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2016 ва қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2018;
-дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд;

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Дар бартараф намудани офати табиӣ ҳаммаром бошем!Шаҳрвандони мӯҳтарам!
Тавре, ки Шумо иттилоъ доред, бар асари шамоли сахти шаби 26 ба 27 декабри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он тибқи маълумоти пешакӣ 4 истгоҳи барқӣ, 40 сутуни барқ, зиёда аз 100 дарахт, боми як чанд манзилҳои баландошёна, иншооти обрасон, ноқилҳои барқӣ, беморхонаву мактабҳо, кӯдакистонҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хароб шуда, аҳолӣ бе нирӯи барқ ва қисме бидуни оби нӯшокӣ монданд. Хушбахтона талафоти ҷонӣ нест.Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷанд аз соатҳои ба амал омадани офати табиӣ чораҳои таъҷилӣ андешида, ситод ташкил кард ва масъулин ба кӯчаҳои асосии шаҳр вобаста карда шуданд.

Ба дастаи “Хуҷанд” медалҳои нуқра ва маблағҳои пулӣ супорида шудДирӯз дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон - 2017 ба дастаи “Хуҷанд” доир шуд.
Рустам Раҳматзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро бо пирӯзиашон дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид дошт, ки соли равон дастаи “Хуҷанд” ҳамзамон Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард, ки ин дастоварди беҳтарин аст. Рустам Раҳматзода аз номи роҳбарияти вилояти Суғд ба ҳайати даста сипосномаву мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро дар ҳаҷми наздик 37 000 сомонӣ тақдим намуд.
Ҳайати дастаи “Хуҷанд”-ро ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо дастовардашон дар мавсими соли 2017 табрик намуда, ба онҳо 16 ҳазору 200 сомонӣ маблағи пулӣ супорид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...