Навгонӣ

Мароми мо сулҳу субот ва оромию пешрафти кишвар астИзҳороти аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро.
Имрӯзҳо ҳамоишҳое, ки бо иштироки ҲНИТ дар кишварҳои аврупоӣ баргузор мегарданд, изҳороти роҳбарони фирории ҲНИТ ва ҳаводорони он дар баъзе кишварҳо ва созмонҳои байналхалқӣ, гузоришҳои бархе аз рӯзноманигорон, ки воқеиятро ғайримунсифона таҳрир мекунанд, мардуми сулҳҷӯву озодихоҳ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншиноси кишварро ором гузошта наметавонад.
Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро фаъолияти ғаразнок, зишт, амалҳои ғояҳои ғайриинсонӣ, террористиву ифротгароии худро зери ниқоби дини мубини ислом рӯйпуш намуда, бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ба ҳадафҳои нопоки худ — бо роҳи табаддулот, зӯроварӣ, бо истифодаи яроқ ва куштору хунрезӣ ғасби давлати қонунӣ расиданӣ буданд.

«Мактаби сарварони ҷавон»  аз духтарон роҳбар омода менамоядДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  барои омӯзиш дар курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» озмун сурат гирифт, ки  дар он зиёда аз 80 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд.
Минбаъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд.

Дирӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Машварати васеъи Раиси шаҳр бо роҳбарони макотиб ва кӯдакистонҳоИмрӯз дар толори Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати васеъи кории Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.
Нахуст аз натиҷаи санҷиши гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба вазъи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагии омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, ҳолати китобҳои дарсӣ ва рӯзномаю дафтарҳои кории  хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии №6, 9, №10  22, 23  ва 30 –юми шаҳр навор пахш карда шуд. Дар навори номбурда вазъи макотиби номбурда мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ба оши палав нитрити натрий омехта гардидааст

Тавре, ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, 4 нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд бинобар заҳролудшавӣ аз оши палави истеъмолнамудаашон фавтиданд, вале мутаасифона ашхоси ноогоҳ аз воқеияти ҳол, сабаби марги эшонро ба ҳар васила шарҳ медиҳанд.
Дар асл тибқи иттилоъи мақомоти марбута шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соатҳо 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки охирон аз он таъом истеъмол менамояд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...