Навгонӣ

(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСоли 2017 аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ»  иборат аст, 58 ҳазору 204 нафар шаҳрвандону сайёҳон  дидан намуданд. Аз ин шумора  2053 нафарашон сайёҳон аз хориҷи дур ва 1198 нафар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)  мебошанд.
Тавре ба мо аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.

altИмрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Паём: Нақши Тоҷикистон дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ хеле муассир мебошад

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шарҳи возеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони сохторҳои гуногуни шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, таъкид сохт, ки «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи фурсатҳои ҳузури соли нави милодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафҳои аслии фаъолияти ҷомеаи Тоҷикистонро барои боз як соли дигар муқаррар намуд.

Хуҷанд: Ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд

Дар давоми соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (335,8 млн. сомонӣ) 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷои 134,5 млн. сомонии пешбинигардида 136,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 2,2 млн. сомонӣ ё 1,6 фоиз зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 16,1 млн. сомонӣ афзудааст. Аз тарафи мақомоти дахлдори шаҳр доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 152,1 млн. сомонӣ буда, иҷроиш 146,0 млн. сомониро ташкил намудааст.

(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2017

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Дар давоми соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (335,8 млн. сомонӣ) 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...