Навгонӣ
20 Ноябрь 2013
Имруз дар шаҳри Хуҷанд сессияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд даъвати чахорум баргузор гардид. Онро Раиси шаҳр, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ифтитоҳ намуд. Ба рузномаи маҷлис 9 масала гузошта шуд.
Сараввал доири рафти иҷрои «Қонуни ЧумхурииТочикистон дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон» ва вазифаҳои мақомоти маҳаллӣ барои татбиқи он, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова баромад намуд.
Баромадкунанда дар суханронии худ ҷанбаҳои муҳими амалисозии ин санади муҳими давлатиро мавриди таҳлил қарор дода, таҷдиди назар намудани восита ва усулҳои нави корбариро бо мақсади паст кардани сатҳи ҷинояткории ноболиғон, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба маҳфилҳои эҷодӣ-ҳунарӣ ва маърифатӣ зикр намуд.