Навгонӣ
04 Декабрь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов имруз силсилаи вохуриҳои худро бо фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида вохурии нахустин бо сокинони маҳаллаи «Хуҷанд» баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов доири дастовардҳои шаҳр дар соли равон малумот дода қайд намуд,ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири ободии кучаҳои шаҳр таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд. Маҳз чунин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳӣ Президенти Тоҷикистон боис шуд,ки бо дастгирию маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 32,3 км таъмири ҷорӣ ва 14 км роҳҳои вилоят таъмири капиталӣ карда шуданд.Читать полностью