Навгонӣ
12 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори солгарди 70-умини мавлуди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мавлудахон Файзуллоева баргузор гардид.
Дар он ҳамкорону ҳамкасбон, шогирдону пайвандони соҳибҷашн ҳузур доштанд.
Ректори ДДХ ба номи академик Б.Fафуров дотсент Fафурҷон Усмонов зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки М.Файзуллоева модари маънавии тамоми устодону шогирдони ин махзани бузурги илму маърифат маҳсуб мешавад.
Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Бобоҷонова номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба самъи соҳибҷашн ва аҳли нишаст расонд.Читать полностью