Навгонӣ
09 Май 2013
68-умин солгарди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Тоҷикистони соҳибихтиёр чун дар 14 ҷумҳурии пасошӯравӣ бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Субҳи рӯзи панҷшанбе, санаи 9-уми май садҳо нафар шаҳрвандон-собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони соҳоти мухталифи хоҷагии халқ дар назди Ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гирд омада, қаҳрамониву корнамоиҳои бемисли ҷанговарон, минҷумла, шаҳидони ҷангро бо некӣ ба хотир оварданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Алиҷон Солиев нахуст зери пояи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд. Ҳамзамон, ҷамъомадагони дигар низ бо гузоштани гулу гулчанбарҳо хотири шаҳидони ҶБВ-ро пос доштанд.