Навгонӣ
21 Май 2013
Бо ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихори бепоён Шумо ворисони арзандаи насли шуҷою қаҳрамонро бо фарорасии иди пурфайз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрик мегӯям. Бароятон саодатмандӣ, нерӯи тозаи созандагӣ ва сарбаландиҳо таманно мекунам.
Таҷлили ин санаи фархунда шукӯҳу даврони ширини зиндагиро собит намуда, насли ояндасози ҷамъиятро ба эҷодкориҳои нав ба нав ҳидоят месозад. Баргузории чунин тантанаи хотирмон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар чунин фасли зебои сол сурат мегирад, шаҳодати эътибори Сардори давлатамон ва кулли ҷомеа нисбат ба ҷавонон, нерӯи эҷодгар ва созандаву бунёдкори онҳост.