Навгонӣ
24 Декабрь 2013
Имруз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷаласаи ҷамбастии комиссияи даъвати тирамоҳии соли 2013 ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси комисияи даъват, Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов доири натиҷаҳои даъвати мазкур ба ҳозирон ахборот дод.
Мавсуф қайд намуд,ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 сентябри соли равон, №514 комиссияи даъват ба кор шуруъ намуда, аввалин 30 нафар ҷавонписарони синни даъватиро 03 октябр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуд. Аз аввалинҳо шуда маҳаллаи ба номи «Ҷ. Расулов» нақшаи даъватро иҷро намуд.
Дар байни даъватшудагон 54 нафар маълумоти олӣ дошта, 7 нафари онҳо аз оилаи шахсони мансабдори давлатӣ ба ҳисоб мераванд.