25 Декабрь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов вохурии худро бо кумаки якдафъаинаи маводи хурока аз аёдати чанде аз сокинони маҳаллаи ба номи «Содирхон Ҳофиз» шуруъ намуд.
Абдуғаффорова Тутӣ соҳиби се фарзанд буда, айни ҳол бесаробон, танҳо кудаконашро тарбия менамояд. Раҷаббой Каримов ба масъулон бобати таъмини саривақтии кудакони мавсуф бо либоси гарм, назорати таҳсили онҳо дастур дод.
Ҳамзамон чунин кумакро Раиси шаҳри Хуҷанд ҳини аёдат аз ҳоли ба маюби гуруҳи дуюм, Мумин Ҳусейнов, оилаи бесаробонмонда Дилором Расулова, Мавзуна Зиёева ва Абдулло Мирмуллоев низ расонд.