Навгонӣ
02 Октябрь 2013
Маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари санг яке аз қадимтарин маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мераванд. Пӯшида нест, ки кӯчаҳои дохили маҳалла аз борону барф ва нав кардани қубурҳои об фарсуда гашта, вақтҳои охир гаштугузори ҳам мошинҳо ва ҳам пиёдагардон аз ин кӯчаҳо мушкил шудааст. Чи хеле қайд гардид, тайи 40 сол аст, ки ин кӯчаҳо аз таъмир бароварда нашудааст. Вақте шаш моҳ пеш Раиси шаҳр бо сокинони ин маҳаллаҳо мулоқот орост, онҳо масъалаҳои таъмири роҳу мумфаршкунӣ, сохтани бинои варзишӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва паст будани шиддати қувваи барқи маҳалларо арз дошта буданд. Ин муаммои сокинонро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии кӯчаи Раҳмон Набиев оғоз кард. Ин иқдоми мақомоти иҷроияро вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №1 Мансурҷон Ҳасанбоевич Каримов ва соҳибкорону сокинони маҳалла Абдурасул Содиқов, Луқмон Комилов, Иномҷон Қодиров, Насрулло Баротов ва оилаи Рабиевҳо дастгирӣ намуда, дар мумфарш кардани ин кӯча ва кӯчаи шафати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба номи Аҳмад Аминов саҳм гузоштанд.