Навгонӣ
15 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи байналхалқии оила чорабинии идона бо номи «Оила - шаҳсутуни зиндагӣ» баргузор гардид. Нахуст сарвари Хонаи ақди никоҳ Хуршеда Хоҷаева иштирокчиёни маҳфилро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфта, ду оилаи намунавӣ ва обрӯманди шаҳрро муаррифӣ кард.
Сипас, корманди Китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ Ирода Игамова доир ба таърихи пайдоиши ҷашнгирии Рӯзи оила маълумот дод.
Меҳмонони мӯътабар оилахои Шарифовҳо ва Абдуҳамидовҳо аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳамзистии 50-сола ва 40 солаи хеш нақлҳои ҷолиб карданд. Байни иштирокчиён доир ба сирри пойдории оила, оқибати нохуши никоҳи хешутаборӣ, эҳтироми хусуру хушдоман, ҳамсарон саволу ҷавоб доир гашт.Читать полностью