Навгонӣ

Недоступен ни однин перевод.

Маърифати шаҳрдорӣ ва тафаккури сокинонро баланд бардоремДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо раисони Шӯрои занони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, аъзои шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо ва нозирони минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд доир гашт.
Дар он масъалаҳои баланд бардоштани маърифати шаҳрдории сокинон, эътибор ба тарзи либоспӯшии занон, кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ, нигаҳдории бонувон аз амалҳои номатлуб, риояи Низомномаи анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, ба танзим даромадани анъана ва ҷашну маросимҳо, дар ҷомеа пайдо гаштани равияҳои номатлуб ва афзудани тақлидкориҳо байни бонувон дар самти либоспӯшӣ сухан ронд. ӯ дастур дод, ки бо ҳамҷоягии фаъолон ба ин масъалаҳо хотима бахшида шавад.

Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳри Хуҷанд хона осорхонаи этнографии “Эргашбойбача” таъсис дода шуд.Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои пешқадами бисёрҳазорсолаи маданиятти моддӣ ва маънавии гузаштагон дар боби одобу расму русум ва фарҳанги манзилдорӣ ва ва пешниҳоди бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 8 августи соли 2016, №207 мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз Хона осорхонаи этнографӣ, хонаи расмии “Эргашбойбача” таъсис гардид.
Минбаъд манзили истиқоматие, ки байни сокинони маҳал бо номи «Манзили Эргашбойбача» маълум аст, ба як макони таърихию фарҳангӣ ва намоиши анъанаҳои мардуми Хуҷанд табдил дода мешавад.
Назар ба маълумоти мудири Бахши фарҳанги мақомоти шаҳрдорӣ ҳоло дар ин манзил корҳои тармим ва омода намудани он барои қабули тамошобинон рафта, ҷалби 6 нафар мутахассисон ва кормандони илмӣ пешбинӣ  гаштааст.

(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таъиноти кадрӣ дар «Тирози ҷаҳон»Фарзона Алиева, ки то ин дам сармуҳарририи ҳафтаномаи «Навиди Ёва» -нашрияи ҷамоати деҳоти Ёваро ба ӯҳда дошт, бо қарори Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз таҳти №263 аз 23 ноябри соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи МИҲД шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» таъин шуд.
Фарзона Алиева зодаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров буда, хатмкардаи факултаи филологии тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аст.
Фаъолияти меҳнавтиашро дар соҳаи васоити ахбори омма соли 2010 аз радиои «Тироз» ба сифати муҳаррир ва баранда оғоз карда буд. Соли 2011 дар вазифаи муҳаррири калони барномаҳои радиои «Ҷаҳоноро» фаъолият бурдааст. Аз соли 2014 сармуҳарририи ҳафтаномаи «Навиди Ёва»-ро ба ӯҳда дошт. Вай уновнҷӯ буда, соли 2013 китобаш бо номи «Фарҳанги ном» аз чоп баромадааст.

(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймои ва ҳамоиши сокинони шаҳр баргузор гардид. Аз субҳи барвақт бештар аз 7 ҳазор нафар роҳбарону намояндагони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олӣ, зиёиён аҳли илму адаб аз майдони «Ситораҳои Хуҷанд» то майдони парчами миллӣ воқеъ дар хиёбони ба номи Р. Набиев роҳпаймоӣ намуданд.
Дар назди Парчами миллӣ ба иштирокдорони чорабинӣ муовинони Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҳамроҳ гашта суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуданд.

(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун санаи барои ҳар яки мо – тоҷику тоҷикистониён бо маънои томаш бошукӯҳу муқаддас Рӯзи Парчами миллиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва сарбаландиро орзу менамоям.
Дар таърихи башарият ливо, парчам, дирафш аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Парчамдорию парчамбардорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз пеш аз замони давлатдории Сосониён баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ намуда, ба муқобили душманон бархост, ба расмият ворид шуд. Дар асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист аз муборизаи Кова ба муқобили Заҳҳоки хунхор ҳикоя карда мешавад.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Недоступен ни однин перевод.Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Ма...