Навгонӣ
02 Март 2017
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истиқлол, ки дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар буданд, ба «Рӯзи дарҳои кушод»-и донишкада ташриф оварданд.
Хатмкунандагони макотиби миёна бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар донишкада аз наздик шинос шуда, аз толорҳои лексионии замонавӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ ва интернет, толори фитнес ва варзишии замонавӣ, маркази таълими забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ дидан карда, ҳамчунин, дар дарсҳои профессорон ва омӯзгорони ботаҷриба ширкат варзиданд.







