Навгонӣ
04 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсия бо рӯйдоди басо муҳиму таърихӣ ва фараҳбахш – таҷлили ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки барои мардуми кишварамон санади сарнавиштсоз аст.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Бисту се сол муқаддам дар кишвари мо тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани силсилаи чорабиниҳои сазовори ин санади тақдирсоз таҷлил мекунем.
Читать полностью







