Навгонӣ
05 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Ин вохӯрӣ дирӯз, 4-уми октябр, баргузор шуд. Вохӯрии якуми ин дастаҳо дар Хуҷанд бо ғалабаи «Хуҷанд» ба анҷом расида буд. Дар он вохӯрӣ хуҷандиҳо бо ду гол ғолиб омада буданд. Барои ба финал баромадан ба онҳо бохт бо ҳисоби камтарин ҳам басанда буд, аммо барои ҳисориҳо ғалаба бо таносуби се гол лозим буд. Ҳисобро дар охирҳои қисми якум шогирдони Мубин Эргашев кушоданд. Ин корро капитани «Баркчӣ» Шериддин Бобоев анҷом дод. Дар охири қисми дуюм ҳисориҳо маротибаи дуюм дарвозаи меҳмононро сӯрох карданд. Ин навбат Ваҳдат Ханонов буд, ки ҳисобро ба 2:0 расонд. Вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид ва натиҷаи умумӣ 2:2 шуд. Мувофиқи низомнома ба бозӣ ду қисми 15-дақиқаӣ илова карда шуд.
Читать полностью
Другие статьи...
- Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп
- Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ
- Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ
- Арабшо Солизода: “Моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маърака хеле маъмул шуда буд”







