Навгонӣ
24 Январь 2014
Недоступен ни однин перевод.
Ҳифзи иҷтимоии сокинони кишвар яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, бо мақсади татбиқи ин сиёсат дар шаҳр корҳои зиёди назаррас ба сомон мерасад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 январ чун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мешавад. Ин сана барои мардуми кишварамон ҷиҳатҳои хоси худро дорост.
Бо мақсади боз ҳам пойдору мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон, баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум, рушду нумӯи соҳаи иҷтимоӣ нигаронида, эҳтиром ва дастгирии табақаи камбизоати аҳолӣ, шахсони яккаву танҳо, маъюбу бепарастор ва собиқадорони ҷангу меҳнатро кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ вазифаи муқаддаси худ медонанд.Читать полностью