Навгонӣ
12 Август 2017
Ҳусну зебоии ҳар мавзеъ ва шаҳру диёр аз маҳорату истеъдоди меъморону лоиҳакашон, қобилияту эҷодкории сохтмончиён маншаъ мегирад. Он шаҳр ё вилоят ба шарофати тахайюли зебоофарии ҳунармандони соҳаи бинокорӣ шуҳрат пайдо менамояду вирди забони мардум мегардад. Ҳаминро ба эътибор гирифта, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август дар миқёси ҷумҳурӣ Иди касбии сохтмончиён таҷлил мегардад. Мӯъҷизаи дастони бинокорони гулдаст аст, ки шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳам сол аз сол ба худ қабои тозаву нав ба бар карда, диққати сайёҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр бунёди иншооти маъмуриву маишӣ ва истиқоматӣ ба чашм мерасад. Он бо ғайрату ҳиммат ва талошу пайгириҳои кормандони соҳаи сохтмони мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсту боматонат роҳандозӣ гардида, шаҳрамон торафт ободу зебо мешавад.
Другие статьи...
- Муроҷиатномаи иштирокчиёни Форуми намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” бахшида ба “Соли ҷавонон”, 04.08.2017, вилояти Суғд
- Встреча Председателя области с участниками республиканского молодежного Форума
- Восхваление молодости
- Акция молодежь в Сирдаре





Ҳамшаҳриёни азиз!

