Навгонӣ
01 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулияти навбатии курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ” баргузор гардид. Ба омӯзандагони курси мазкур аъзои Шӯрои фаъолзанони шаҳри Хуҷанд Мастура Темурова дар мавзуъи «Ҳусни инсон дар одоб аст» машғулият гузаронд.
Маърӯзагузор таъкид сохт, ки одоб ин гуфтор, рафтор, кирдори нек аст. Инсон ба воситаи амалҳои некаш одоби хешро ифшо месозад. Барои он, ки зиндагиро ҳусн бахшем, онро пеш аз ҳама дӯст дошта бошем, яъне мухлиси зиндагӣ бошем. Ҳусну адаби инсон, шарму ҳаё аст, одоби хамида аст. Он шахсе, ки шарму ҳаё дорад, вай вафо дорад. Барои хизматчии давлатӣ, ашхоси мансабдор будани ҳусни одоби накӯ шарти муҳим аст.
Читать полностью







