Навгонӣ
01 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаётро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳо баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳо, ки бо талошҳои сарони давлатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муборизаи муштарак бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима карданд.Читать полностью







