Навгонӣ
25 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” оғози расмӣ бахшиданд.
Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгуй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии ин шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад.
Дар ин Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ бо омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва таъсиси 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст.Читать полностью
Другие статьи...
- Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд
- Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом
- Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон
- Ба истифода додани бинои хобгоҳи интернати наздимактабӣ ба номи Додоҷон Бойматов дар ноҳияи Шаҳристон







