Навгонӣ
26 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям.
Раъйи дар натиҷаи интихоботи мазкур бадастовардаи Шумо боз як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати созандаи Шумо мебошад.
Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Ҷумҳурии Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем.Читать полностью







