Навгонӣ
07 Март 2018
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар театри мазҳака-мусиқии Камоли Хуҷандии маркази вилоят тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода қабл аз оғози чорабинии расмӣ аз ҷараёни озмуни «Суруди алла» ошноӣ пайдо намуданд. Дар озмун намояндагони тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, яке аз суннатҳои ниёкон-сурдуди алларо бо маҳорати баланди эҷодӣ замзама намуданд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода Номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояи Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба бонувони шаҳри Хуҷанд расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист.
Читать полностью