Навгонӣ
03 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад.
Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд.
Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намудем.
Мо бо муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич дар як ақидаем, ки айни ҳол дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон барои рушди минбаъдаи ҳамгироиямон дар сиғаи шарикии стратегӣ майдони устувори сиёсӣ ба миён омадааст.Читать полностью