21 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, сурат гирифт.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар майдони мусобиқот саф кашиданд.
Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳии мусобиқа суханронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар Тоҷикистон навъи варзиши шиноварӣ бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудаанд.