Навгонӣ
11 Декабрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
10 декабри соли 2017 нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Ал Ҳуссайния оғоз гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сурат гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба анҷом расид.Читать полностью