Навгонӣ
18 Сентябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои қабули хонандагон ба Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат ва кор дар ин муассисаи таълимӣ омӯзгоронро барои иштирок дар озмун даъват менамояд.
Тавре, ки ба мо мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ иттилоъ дод, ба ин муассаи таълимӣ хонандагонро тариқи озмун ба синфҳои 1-9 қабул карда мешавад ва озмун барои синфҳои 1 шифоҳӣ, ба дигар синфҳо тариқи хаттӣ гузаронида шуда, ба муҳассилине, ки дар олимпиадаҳои шаҳрию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гаштаанд, имтиёз дода мешавад. Довталабоне, ки ба сифати омӯзгор дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият намуданиянд, бояд на кам аз 3 сол фаъолияти омӯзгорӣ дошта бошанд, яке аз забонҳои хориҷиро донанд, бо тахтаи электронӣ, интернет ва компутер кор карда тавонанд.
Читать полностью