Навгонӣ
06 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Дар гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мулоқот дар мавзӯи "Забон - омили хастии миллат" баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро роҳбари клуби волонтёрони раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Шодмон Нурматов оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки: «Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Читать полностью