Навгонӣ
18 Октябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,
Дар робита ба интихоб гардидаданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.
Мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад.
Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем.
Читать полностью
Другие статьи...
- Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ
- Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳ
- Мулоқот бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ
- Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф