Навгонӣ
25 Май 2018
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сокинони маҳаллаи «Навбаҳор», фаъолони шаҳр ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозӣ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози маъракаи мумфаршкунӣ назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки чорабинии мазкур дар заминаи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Роҳбари вилоят гуфт, ки дар замини санадҳои мазкур имрӯз дар 18 шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонию созандагӣ сурати тоза пайдо намудааст.