Навгонӣ
18 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ ва сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" ошноӣ пайдо карданд.
Пешвои миллат бо усули корӣ дар гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ шинос шуда, бо ташкилкунандагони ин навъи гармхона суҳбат оростанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он маҳсулот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок парвариш ёфта, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ нашъунамо меёбад. Қобил ба тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант" истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд.Читать полностью
Другие статьи...
- Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"
- Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол
- Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол
- Ба истифода додани Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд