Навгонӣ
18 Ноябрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок намуданд.
Дар шаҳри Бӯстон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни пурраи татбиқи ин лоиҳа шинос шуда, ба фаъолияти шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» анҷом дода шуд.Читать полностью
Другие статьи...
- Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд
- Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд
- Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"
- Мулоқот бо фаъолон ва сокинони шаҳри Истиқлол