Навгонӣ
12 Декабрь 2017
Недоступен ни однин перевод.
Дирӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ва дигар кишварҳои олами араб аҳамияти зарурӣ дода мешавад ва муносибатҳои гуногунҷанба бо ин давлатҳо самти муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад.Читать полностью