Навгонӣ
05 Январь 2018
Недоступен ни однин перевод.
Ман Илҳом Беков собиқ роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ будам. Инак, 3 сол мешавад, ки аз аъзогии имрӯза ТЭТ ҲНИТ шукри худо бо ихтиёри худ баромадам. Вале ба вазъи сиёсии ҷаҳон аҳволи мусалмонони рӯйи олам нигоҳ карда мехоҳам аз роҳбарони ин ташкилоти мамнӯъ даъват ба амал орам, ки аз фаъолияти ғайриқонунии худ дар хориҷи кишвар, тафриқаву дасиса ва фитнаву табъиз даст кашанд.
Он ҳадафу мақсадҳое, ки мо дар оғоз доштем танҳо ба хотири сарҷамъи ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум буду халос. Дар симои ин ҳизб ман аз дигар ашхоси фирефта нерӯи мусолиматсоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа, халқи шарифи тоҷикро медидем. Аммо сад афсӯс ин ақидаҳои ихтилофангез ва илтиҷоии ин ташкилоти мамнӯъ ва роҳбарони он худро миёни ҷомеа ҳамчун хоин ва зархаридони хориҷӣ муаррифи намуданд.
Читать полностью