09 Март 2015
Имрӯз ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маърифатии ҷомеаро бидуни фаъолияти Шумо, қаламкашон тасаввур кардан имкон надорад, зеро нашру ривоҷи муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми олам, аз ҷумла кишвари мо бо кӯшишу заҳматҳои Шумо ба ҷомеа пешниҳод мегардад.
Олими соҳа В.Афансйев дар кори илмиаш чунин нигоштааст, ки «,,,Матбуот силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар қиёс кард». Бале, қувваи қалам, таъсири қаламро таърихи башар хуб дар ёд дорад ва тавассути он одаму олам зина ба зина ба тамаддуни ҷаҳонӣ расида истодааст. Матбуот фазои иттилоотиро комилан пур мекунад ва мардумро бо ҳукумату ҳукуматро бо мардум наздик месозад.
Хизмати матбуот дар пиёда сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дар самти иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маданият, умуман, кулли соҳаҳои марбут бо зиндагӣ ва рӯзгори мардум басо муҳим ва назаррас мебошад. Ин аст, ки бо дастгирии Президенти кишвар дар тақвими ҷашнҳои касбӣ дар қаламрави мамлакат Рӯзи матбуоти тоҷик махсус қайд гардидааст ва аз соли 1994 он бо тантана ва арҷгузорӣ ба аҳли қалам доир карда мешавад.
Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст. Аз ин рӯ бори дигар алоқамандони матбуоти даврӣ, хонандагони восоити оммаро бо ин санаи муборак, Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустӣ, созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ орзу мекунам.
Ба қавли Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ матбуот-солномаи таърихи миллат аст ва бояд ки ин солнома ҳамеша поянда, созанда ва муваффақ бошад.
Иди касбӣ, Рӯзи матбуоти тоҷик, муборак!
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода