07 Март 2015
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои аёдату табрик, ба манзили собиқадори меҳнат, ҳамсари яке аз аввалин генералҳои тоҷик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқ раиси Ҷамъияти Мададгори Мудофиаи вилояти Суғд, шодравон Валихон Мамадов, - Гавҳарой Ғаниева- Мамадова рафт. Номбурда дар арафаи Рӯзи Модар ба синни мубораки 85 солагӣ расид.
Гавҳарой Ғаниева- Мамадова бо ҳамсари худ, генерали тоҷик Валихон Мамадов аз соли 1950 то 1994 зиндагии якҷоя бурда соҳиби чор фарзанд шуданд.
Имрӯзҳо бошад ин зани маслиҳатгару кӯмакрасони маҳалла дар иҳотаи фарзандону набераю абера ва ду нафар чабера даврони пирӣ меронад. Соҳибҷашн баъди қабули тӯҳфаҳои хотиравӣ ва суханони табрикии Раиси шаҳр, барои таваҷҷӯҳ ва ғамхории пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изхори сипос намуда, шукронаи давлати пирии худ, замони орому осоиштаро намуд.