07 Март 2015
«Занони шӯҳратёри даврони мо ҳамарӯза меҳрубонию таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунанд. Зеро зан- модар маҳз масъулияти баланди тарбияи насли ояндаро дорад. Дар баробари ин занони муассисаҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ барои гулкорию зебогии шаҳр саҳми арзанда доранд. Қабули чандин барномаҳои махсус, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба тасвиб расид, бозгӯи он аст, ки занон дар боло бурдани сатҳи зиндагию маърифати оиладорӣ нақши муассир доранд.»- афзуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Лозим ба ёдоварист,ки дар муассисаҳои, манзилию коммуналӣ ва кабудизоркунӣ наздик 400 нафар занон фаъолият менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба кормандони муассисаҳои номбурда тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.