04 Март 2015
Дар гармхонаҳои Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 30 ҳазор дона гули лола парвариш меёбанд.
Пиёзаки ин намуди гул ҳанӯз моҳи ноябри соли 2014 кошта шуда буд. Маҳз нигоҳубини саривақтӣ ва риояи тамоми талаботи агротехнологӣ боис гардид,ки ин намуди гулҳои баҳорӣ дар шароити гармхона хуб нашъунамо ёбанд. Ҳоло қисми аввали 5 намуди лолаҳои гуногунранг ба шукуфтан оғоз намуданд.Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми лолаҳои ин гармхона кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоятро дар арафаи Иди Наврӯзи оламафрӯз оро хоҳад дод.
Ҳамчунин кормандони ин муассиса дар гулгаштҳои шаҳр имрӯзҳо қаламчаҳои гули садбаргро шинонда истодаанд. Айни замон дар гармхонахо 5 навъи гулҳои ороишӣ аз қабили «Мехчагули туркӣ», садбаргҳои гуногуни ҳарранга, гулҳои маҳаллӣ ва ғайра парвариш ёфта истодаанд.