03 Март 2015
Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.
Тибқи маълумоти комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар тамоми 40 ҳавза интихобот баргузоршуда ҳисоб гардида, вакилон бо аксарити овозҳо ба мақоми вакилӣ соҳиб гаштанд.
Аз 40 нафар вакилони интихобгардида 35 нафар аъзои Ҳизби халқӣ демокаратии Тоҷикистон, як нафар аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 2 нафар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва 2 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ба мақоми номзад ба вакили шаҳрӣ 81 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки 54 нафар аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, 3 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 7 нафар Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 нафар Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ буданд.