(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Марказҳои тиббӣ соҳиби ҳуҷраи дандонпизишки кӯдакона мешаванд.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 6 маркази саломатии шаҳри Хуҷанд ҳуҷраҳои махсуси дандонпизишкии кӯдакона ташкил карда мешавад.
Бо мақсади шиносоии шароитҳои мавҷуда ва фаъолияти имрӯза Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Абдусалом Ваҳҳобов ба марказҳои саломатӣ омаданд. Шиносоии онҳо аз маркази саломатии № 5 оғоз гардид.
Маркази номбурда ба наздик 44 ҳазор нафар аҳолии минтақаи вобасташуда хизмат расонда бо назардошти бунёди маҳаллаҳои нав дар ин минтақа теъдоди аҳолии ба ин марказ вобасташуд тамоюли зиёдшавӣ дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот кормандону табибон таъкид намуд, ки маҳз соли равон мушкилоти чандсолаи онҳо,-таъмири куллии боми бинои мазкур ҳалли худро ёфтааст. Бо ин мақсад аз ҳисоби Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гашта дар нимаи аввали соли равон корҳои таъмири бино ба анҷом расонда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки роҳбарияти марказ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шароити корӣ, ороиши толор ва долонҳои ин муасиссаи тиббӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин бо мақсади сари вақт расондани кӯмаки фаврии тиббӣ ба сокинони маҳаллаҳои ба номи «Темурмалик» ва «Мевағул» дар як қисми бино ташкили маркази тиббии «Ёрии таъҷилӣ» ба нақша гирифта шудааст. Баъди шиносоӣ бо макони пешббинишуда масъулини соҳаи тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барои ташкили маркази «Ёрии таъҷилӣ» тамоми шароитхои лозимаро таъмин намоянд.
Боздиди ҳайати корӣ бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд аз маркази саломатии № 4 идома ёфт.
Дар маркази номбурда наздик 200 нафар кормандон фаъолияти дошта, аз онҳо 27 нафарашон бо тахассуси духтур дар ҳифзи сиҳатии мардум ҳастанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз ҳуҷраи кории барои муолиҷаи дандони кӯдакон пешбинишуда дидан намуда, нисбати фаъолияти минбаъда ва таҷхизоти тиббии он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
«Имрӯз дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронда шудааст, ки сифати хизматрасонӣ барои сокинон баланд бардошта шуда, шаҳрвандон набояд ба ташхисгоҳҳо ва дармонгоҳҳои хориҷи кишвар ниёз дошта бошанд. Зеро барои таъмину фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид, замина мавҷуд аст. Дар баробари фаъолияти зиёда аз 20 муассисаи тиббии шахсӣ, ки дар шаҳр амал мекунад, бояд дараҷаи дармонгоҳ ва марказхои тиббии давлатӣ низ ба меъёрҳои имрӯзаи хизматрасонӣ ҷавобгӯ бошанд.»
Собиқ маслиҳатгоҳи занона, ки алҳол чун маркази тиббии № 3 ба сокинони чанд маҳаллаҳои шаҳр хизмат мерасонад, яке аз муассаисаҳои тиббии махсусгардонишудаи шаҳр ба ҳисоб меравад. Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо ҳолати феълии ин муассиса табибонро даъват намуд, ки барои боло бурдани сатҳи маърифатнокии мардум мусоидат намуда, тарзу усули муосири корбариро истифода баранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки шароите, ки имрӯз ин муассиса дорад ҷавобгӯи маркази тиббии шаҳри Хуҷанд нест. Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки нисбати саломатии модару кӯдак ва занҳои ҳомиладор савияи дониши духтурон ва ҳамшираҳои шафқатро беҳтар намудан лозим аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба тамоми роҳбарони марказхои тиббии супориш дод, ки то нимаи моҳи марти соли равон бинои маъмурии марказҳоро таъмири ҷорӣ намуда, саҳни ҳавлиро гулзору сабзпӯш намоянд.Барои боло бурдани маданияти хизматрасонии тиббӣ, ҷалби духтурони баландихтисос, таҷҳизонидани воситахои техники тиббии муосир, устувор намудани заминаҳои моддӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони тибб таклифу лоиҳаи худро пешниҳод намоянд.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода то интиҳои нимсолаи якуми соли равон дар тамоми марказхои тиббии шаҳр ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ барои кӯдакон бояд ба фаъолият шурӯъ намояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...