21 Феврал 2015

Давоми рӯз ба Раиси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 80 нафар сокинон бо 78 дархост муроҷиат намуданд.
Бештари сокинони маркази вилоят ба Раҷаббой Аҳмадзода доири беҳтар намудани шароити манзили зист муроҷиат намуданд, ки теъдоди онҳо 30 нафар буд. Ҳамчунин чанде аз сокинон барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки шумораи онҳо ба 14 нафар расид аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмак хостанд. Муроҷиаткунандагон аз Раиси шаҳр барои таъмини ҷойи корӣ, мусоидат барои муолиҷаи ва барқарор намудани саломатии ройгон, ҷойгир намудани фарзандонашон дар қудакистон ва чанде дигар масъалаҳо дархост намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири ҳалли масалаҳои ҳалталаби шаҳрвандон ба муовинон мудирони шӯъба ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дасту супоришҳо дод.