17 Феврал 2015

Ин нуктаҳо дар сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандону табибони ин муассисаи тиббӣ садо дод. Ҳамчунин аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод гардид, ки дар ҳудуди беморхонаи номбурда дар оянда бояд як бино бо тамоми шароитҳо сохта шавад,ки он ба талаботу меъёрҳои Беморхонаи клиникавии «Ёрии таъҷилӣ» ҷавобгӯ бошад. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба пешвози Наврӯз таъмир намудани роҳрав гулзор намудани майдонҳои беморхона, азнавсозии биноҳои фарсудашудаи беморхона дастур дод.
Ҳоло барои сокинони шаҳри Хуҷанд 8 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо зиёда аз 50 нафар духтурону ҳамшираҳои шафқат ва ҳайати ёрирасони тиббӣ хизмат мерасонанд.