16 Феврал 2015
Ҳамарӯза дар корҳои азнавсозӣ то 10 адад воситаҳои техникӣ ва накиёти махсус кор карда, то интиҳои моҳи равон бояд корҳои асосӣ ба анҷом расанд.
Пешбинӣ гаштааст, ки роҳи мазкур тибқи лоиҳа 24 метр паҳноӣ дошта, ду тарафи самти ҳаракатро майдони гулзор ҷудо менамояд. Роҳро бо сутунпояҳои зебо ва фурӯзонакҳои «светодиодӣ» ороиш дода, сифати он ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои роҳсозиро ҷавобгӯ хоҳад буд.
Хароҷоти умумӣ барои ин азнавсозӣ зиёда аз 4,500 миллион сомонӣ буда, он аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад.